Имрӯз дар Душанбе масъалаи роҳҳои таъмини рушди паррандапарварӣ дар ҷумҳурӣ баррасӣ мешавад

Душанбе. 26-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе зимни баргузории конфронси илмиву амалӣ коршиносон масъалаи роҳҳои таъмини рушди паррандапарварӣ дар ҷумҳуриро баррасӣ мекунанд.   Тавре аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар кори конфронс раҳбарону мутахассисони корхонаҳои паррандапарварии Русия, Украина, Белорус ва Эрон ширкат хоҳанд варзид. «Дар конфронс вазъи кунунӣ […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 26-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе зимни баргузории конфронси илмиву амалӣ коршиносон масъалаи роҳҳои таъмини рушди паррандапарварӣ дар ҷумҳуриро баррасӣ мекунанд.

 





Тавре аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар кори конфронс раҳбарону мутахассисони корхонаҳои паррандапарварии Русия, Украина, Белорус ва Эрон ширкат хоҳанд варзид. «Дар конфронс вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ин бахши кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт», – гуфт манбаъ.



Ба иттилои манбаъ, дар рӯзи дуввуми конфронс ширкатдорони он аз хоҷагиҳои паррандапарварии «Мурғи ҳилол» ва «Мурғи марҷон»-и ноҳияи Файзобод ва ҳамчунин «Наврӯз»-и шаҳри Ваҳдат боздид хоҳанд кард.



Тибқи маълумоти вазорат, феълан дар Тоҷикистон 18 хоҷагии паррандапарварӣ амал мекунад, ки фаъолияти қисмате аз онҳо соли равон ба роҳ монда шуд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.