Дар Душанбе миқдори рекордии маводи мухаддир нобуд гардид

Душанбе. 26-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз дар оташдонҳои махсуси корхонаи «Тоҷиктекстилмаш» беш аз ду тонна маводи мухаддири аз ҷониби кормандони Агентии назорати маводи нашъавовари назди президенти ҷумҳурӣ мусодирагардида сӯзонида шуд. Тавре хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ медиҳад, дар оташдонҳо беш аз ду тонна маводи мухаддир, аз ҷумла 390 кило ҳероин, беш аз 622 кило […]

Наргис Ҳамробоева


Душанбе. 26-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз дар оташдонҳои махсуси корхонаи «Тоҷиктекстилмаш» беш аз ду тонна маводи мухаддири аз ҷониби кормандони Агентии назорати маводи нашъавовари назди президенти ҷумҳурӣ мусодирагардида сӯзонида шуд.




Тавре хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ медиҳад, дар оташдонҳо беш аз ду тонна маводи мухаддир, аз ҷумла 390 кило ҳероин, беш аз 622 кило маводи мухаддири гурӯҳи каннабис ва зиёда аз 1 тонна афюн нобуд гардид.



Ин миқдор маводи мухаддир чун далели шайъӣ зимни тафтишоти 148 парвандаи ҷиноӣ истифода гардида, нисбат ба онҳо ҳуқми додгоҳӣ содир шудааст.



Тибқи маълумот, аз оғози фаъолияти агентӣ беш аз 10 тонна маводи мухаддир нобуд карда шудааст, ки беш аз 4 тоннаи онро маводи сахттаъсири ҳероин ташкил медиҳад.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.