Сарони кишварҳои Русияву Тоҷикистон дар бораи баргузории мулоқот ба мувофиқа расиданд

Date:


Душанбе. 3-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Пш аз оғози соли нави мелодӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.




Сарони давлатҳо якдигарро бо фарорасии соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфта, ба сатҳи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи миёни ду кишвар баҳои баланд доданд.



Изҳори боварӣ карда шуд, ки бо талошҳои созандаи роҳбарони ҳарду давлат барои пешрафту тараққиёти иқтисодии кишварҳо ва таҳкими муносибатҳои

 

дӯстиву ҳамкорӣ миёни онҳо ҳамаи имкониятҳои муфид самаранок истифода хоҳанд шуд.



Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев ба рушди ҳамкориҳои минбаъда изҳори ҳавасмандӣ карда, ба мувофиқа расиданд, ки охирҳои моҳи январ ё аввали феврали соли 2009 як мулоқот анҷом диҳанд ва ба густариши

 

минбаъдаи

 

муносибатҳои ду давлат

 

такони тоза бахшанд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...