Кумитаи имдоди Ҳумайнӣ акнун ба ивази кӯмаки башардӯстона қарзҳои бидуни пардохти фоиз пешниҳод мекунад

            Душанбе. 5-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Кумитаи имдоди Ҳумайнӣ соли ҷорӣ ҳаҷми кӯмакҳои башардӯстонаро коҳиш дода, ба аҳолии камбизоати ҷумҳурӣ қарзҳои бидуни пардохти фоиз пешниҳод мекунад.             Аз намояндагии ин кумита дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки иқдоми мазкур ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми ҷумҳурӣ амалӣ мегардад, зеро шурӯъ аз соли […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 5-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Кумитаи имдоди Ҳумайнӣ соли ҷорӣ ҳаҷми кӯмакҳои башардӯстонаро коҳиш дода, ба аҳолии камбизоати ҷумҳурӣ қарзҳои бидуни пардохти фоиз пешниҳод мекунад.





           

Аз намояндагии ин кумита дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки иқдоми мазкур ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми ҷумҳурӣ амалӣ мегардад, зеро шурӯъ аз соли 1993 кумита ба оилаҳои камбизоати кишвар кӯмакҳои башардӯстона мерасонад, вале он ҷиҳати коҳиши мизони камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ самараи дилхоҳ намедиҳад. «Аз ин рӯ, кумита тасмим гирифтааст, ки ба ивази кӯмакҳои башардӯстона акнун ба аҳолии камбизоат қарзҳои бидуни пардохти фоида пешниҳод намояд ва дар муддати 9 моҳи соли гузашта ҳудуди 130 сокини ҷумҳурӣ соҳиби чунин намуди қарзҳо шудаанд», – гуфт манбаъ.




           

Ба иттилои манбаъ, Кумитаи имдоди Ҳумайнӣ аз оғози фаъолият ҳамасола ба ҳисоби миёна ба 10 ҳазор оилаи камбизоат кӯмаки башардӯстона расонидааст.




           

Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти ахири оморӣ, беш аз 53 дарсади аҳолии ҷумҳурӣ дар ҳоли камбизоатӣ қарор дошта, 17 дарсади тоҷикистониён дар шароити ҳадди ниҳоии қашшоқӣ ба сар мебаранд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.