Дар Тоҷикистон нархи истифодаи газ боло меравад

Душанбе. 5-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон аз 1-уми январи соли 2009 барои ҳама намуди истифодабарандагон нархи истифодаи газ боло меравад. Дар ин бора аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд. Бино ба иттилои манбаъ, имрӯз дар хусуси муайян кардани тарофаҳои нави истифодаи газ барои истифодабарандагон қарори вазорат қабул […]

Виктория Наумова


Душанбе. 5-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон аз 1-уми январи соли 2009 барои ҳама намуди истифодабарандагон нархи истифодаи газ боло меравад. Дар ин бора аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд.




Бино ба иттилои манбаъ, имрӯз дар хусуси муайян кардани тарофаҳои нави истифодаи газ барои истифодабарандагон қарори вазорат қабул карда мешавад. Тарофаҳои нави дақиқ ҳоло тасдиқ нашудаанд, аммо тибқи маълумоти пешакии КВД «Тоҷикгаз», арзиши истифодаи гази табиӣ барои аҳолӣ метавонад 1000-1100 сомонӣ барои як ҳазор метри мукааб муқаррар гардад. Қобили зикр аст, ки соли 2008 аҳолӣ барои истифодаи 1 ҳазор метри мукааби газ 688,15 сомонӣ (беш аз 198 $) пардохт мекард ва он замон нархи гази воридотӣ аз Ӯзбекистон барои 1 ҳазор метри мукааб ба 145 $ баробар буд.



Ёдрас мекунем, ки тибқи созишномаи аз 31-уми декабр миёни «Тоҷикгаз» ва «Узтрансгаз» имзошуда, соли ҷорӣ Тоҷикистон аз Ӯзбекистон дар ҳаҷми 530 млн. метри мукааб газ харидорӣ хоҳад кард ва арзиши он барои 1 ҳазор мети мукааб 240 $ муқаррар шуд.



Лозим ба тазаккур аст, ки дар марҳилаи аввал ҷониби Ӯзбекистон барои 1000 метри мукааб 300 $ талаб дошт, вале пас аз гуфтушунидҳои тӯлонӣ ба ҳайати Тоҷикистон муяссар гардид, ки арзиши онро ба андозаи 60 $ камтар кунад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.