Р.Зойиров: Нишон додани иродаи сиёсӣ – вазифаи аввалиндараҷаи ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2009 аст

Душанбе. 5-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Ҳизби Сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров бар чунин назар аст, ки дар соли 2009 вазифаи аввалиндараҷаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани иродаи сиёсӣ аст. «Дар соҳаи иқтисод он аз озодкунии соҳибкории хурду миёна аз фишори кодекси андоз ва дахолати мансабдорони давлатӣ ба тиҷорат иборат буда, мебояд фаъолияти озодонаи соҳибкориро […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 5-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Ҳизби Сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров бар чунин назар аст, ки дар соли 2009 вазифаи аввалиндараҷаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани иродаи сиёсӣ аст. «Дар соҳаи иқтисод он аз озодкунии соҳибкории хурду миёна аз фишори кодекси андоз ва дахолати мансабдорони давлатӣ ба тиҷорат иборат буда, мебояд фаъолияти озодонаи соҳибкориро бар асоси кодекси шаҳрвандӣ таъмин намуд, – гуфт ӯ. – Дар соҳаи сиёсат бошад, гуногунандешӣ дар ҷомеа бояд на маъмурӣ, балки сиёсӣ бошад ва озод кардани қонунгузории интихобот аз маъмурияти ҳукумат дар он аз «вазифаҳои умдатарини сиёсии» давлат дар соли 2009 шуморида мешавад».




Р.Зойиров чунин ибрози назар мекунад, ки дар бахши иҷтимоӣ мебояд таъҷилан қафомонии онро боздошт ва барои ин қабл аз ҳама, зарур аст, ки ин бахшро аз шахсони мансабдори бесалоҳият озод сохта, нуфузи касбро дар он ҳавасманд сохт. «Бо итминони комил гуфта метавонам, ки имконпазир ё ғайриимкон будани амалисозии вазифаҳои зикршуда аз ҷониби ҳукумат нишондиҳандаи салоҳиятнокӣ ва коршоямии он хоҳад буд», – афзуд раиси ҲСДТ.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.