Агентии обуҳавошиносӣ: Зимистони имсола сербарфу начандон сард хоҳад шуд

Date:


 



           

Душанбе. 7-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Тибқи пешгӯии Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, зимистони имсола сербарф меояд, вале начандон сард хоҳад шуд.





           

Тавре муовини директори агентӣ Маҳмад Сафаров ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, барои аввалин бор дар таърихи агентии обуҳавосанҷии кишвар пешгӯии мавсимӣ ба зимистони имсола омода гардида, он ба ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод гардид.




 


 


 


        

Ба қавли ӯ, мувофиқи пешгӯии мавсимии омодашуда, зимистони имсола чун зимистони соли гузашта сард нахоҳад буд, баръакс, ҳарорат 1-2 дараҷа гармтар аз ҳарорати зимистони маъмулӣ дар Тоҷикистон мешавад. «Ҳарорати пасттарин то 12 дараҷа сардӣ шуда метавонад, вале бориши зиёд дар назар дошта шуда, барфи навбатӣ рӯзҳои 10-11-уми январ пешбинӣ мешавад», – гуфт ӯ.




           

Номбурда зикр кард, ки дар омодасозии пешгӯии мавсимӣ ба онҳо мутахассисони маркази гидрометереологии Русия кӯмак кардаанд. Қобили зикр аст, ки маркази мазкур бо суперкомпютер муҷаҳҳаз буда, қодир аст дар як сония то миллиард амалиёт анҷом диҳад. «Пешгӯии мавсимии омоданамудаи мо иқдоми нахустин буда, он машваративу омӯзишӣ аст ва 7 рӯзи аввали пешгӯӣ то ба 95-99 дарсад мувофиқу дуруст меоянд, вале пешгӯии минбаъда мумкин аст ба 50-60 дарсад мувофиқ ояд», – изҳор дошт М.Сафаров.




           

Муовини директори агентӣ ҳамчунин зикр кард, ки мутахассисони тоҷик дар маркази «Росгидромет»-и Русия таҷриба омӯхтанд ва кунун таҷрибаи андӯхтаро дар Тоҷикистон истифода мебаранд. «Агентӣ ният дорад, ахири моҳи феврал пешгӯии мавсимӣ ба фасли баҳорро омода созад», – гуфт дар анҷом М.Сафаров.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...