Дар Тоҷикистон низоми ҷадиди қабул ва паҳни маълумот оид ба обуҳаво насб мегардад

Душанбе. 6-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз мутахассисони «Росгидромет»-и Русия, ки ба Душанбе омадаанд, ба насби Маркази ҷадиди коммутатсионӣ шурӯъ мекунанд. Ба гуфтаи муовини директори Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон Маҳмад Сафаров, низоми ҷадид ба беҳбуд бахшидан ва тезонидани раванди қабул ва паҳни маълумоти гидрометереологӣ шароити мусоид фароҳам хоҳад сохт. «Бо насби низоми ҷадид мӯҳлат ва суръати […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 6-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз мутахассисони «Росгидромет»-и Русия, ки ба Душанбе омадаанд, ба насби Маркази ҷадиди коммутатсионӣ шурӯъ мекунанд.




Ба гуфтаи муовини директори Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон Маҳмад Сафаров, низоми ҷадид ба беҳбуд бахшидан ва тезонидани раванди қабул ва паҳни маълумоти гидрометереологӣ шароити мусоид фароҳам хоҳад сохт. «Бо насби низоми ҷадид мӯҳлат ва суръати қабулу паҳни маълумот якчанд маротиба тезтар хоҳад шуд, – мегӯяд ӯ. – Низоми мавҷуда дар ҷумҳурӣ иқтидораш хеле заъиф буда, маълумоти гидрометереологӣ дар бораи обуҳаворо хеле дер омода месозад».



М.Сафаров афзуд, ки низоми ҷадид тавассути технологияи компютерии замонавӣ бо кӯмаки Интрнет кор хоҳад кард.



Мутахассисони русиягӣ то ахири моҳ ният доранд, ҳамтоҳои тоҷики худро бо тарзи кори низоми ҷадид омӯзонанд. Маркази мазкур бо дастгирии ҳукумати Швейтсария бо мақсади беҳбуди низоми гидрометереология дар Тоҷикистон насб мешавад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.