Соли гузашта кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар аз 103 ҳодисаи қочоқи маводи мухаддир ҷилавгирӣ намуданд

            Душанбе. 6-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Соли гузашта кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон аз 103 ҳодисаи қочоқи маводи мухаддир ҷилавгирӣ намуданд. Дар давоми сол 1 тоннаву 316 килову 838 грамм маводи мухаддир мусодира карда шудааст, ки нисбат ба соли пешин 8,6 дарсад бештар буда, 368 килову 598 грамми он маводи сахттаъсири […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 6-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Соли гузашта кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон аз 103 ҳодисаи қочоқи маводи мухаддир ҷилавгирӣ намуданд. Дар давоми сол 1 тоннаву 316 килову


838 грамм

маводи мухаддир мусодира карда шудааст, ки нисбат ба соли пешин 8,6 дарсад бештар буда, 368 килову 598 грамми он маводи сахттаъсири ҳероин, 574 килову

32 грамм

афюн ва 374 килову 216 грамми онро маводи нашъаовари гурӯҳи каннабис ташкил медиҳад.





           

Тавре аз шӯъбаи робита бо ҷомеаи агентии мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, соли сипаригашта дар оташдонҳои махсуси агентӣ 2 тоннаву 653 килову

222 грамм

маводи мухаддири мусодирашуда, ки онҳо чун далели шайъӣ дар баррасии парвандаи ҷиноӣ истифода шудаанд, сӯзонида шуд. «Нисбат ба қочоқчиёни маводи мухаддир 106 парвандаи ҷиноӣ боз шуда, 83-тои он нисбат ба 109 нафар ҷиҳати моҳиятан барррасӣ намудан ба додгоҳ ирсол гардидааст», – гуфт манбаъ.




           

Ба гуфтаи намояндаи агентӣ, дар натиҷаи баргузории амалиёти муштараки кормандони агентӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ, кишварҳои узви ИДМ ва Афғонистон аз муомилоти ғайриқонунӣ 3 тоннаву 230 килову

303 грамм

маводи мухаддир мусодира карда шуд. «Тибқи иттилои афсарони агентӣ, ки дар минтақаи шимоли Афғонистон фаъолият доранд, дар қаламрави ин кишвар

104,8 гектар

заминҳои кишти кӯкнор ва 8 лабораторияи истеҳсоли ҳероин нобуд карда шуданд», – афзуд манбаъ.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.