Душанбе. 7-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маорифи Тоҷикистон баргузор мешавад, ки дар он аз фаъолият дар соли сипаригашта натиҷагирӣ карда шуда, вазифаҳо барои соли ҷорӣ муайян карда хоҳанд шуд.
Тавре котиби матбуотии вазорат Ноилшо Нуралиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар кори ҷаласаи ҳайати мушовара беш аз 300 корманди соҳаи маорифи кишвар, аз ҷумла роҳбарони шӯъбаву раёсатҳо ва сарварони чанде аз муассисаҳои таълимӣ аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ ширкат хоҳанд варзид.
Ба иттилои манбаъ, қабл аз оғози ҷаласа дар бинои вазорати маориф намоишгоҳи дастовардҳои муассисаҳои маориф дар соли 2008 доир мегардад.
Ёдрас мекунем, ки ҳукумати ҷумҳурӣ буҷаи соҳаи маорифи кишварро барои соли 2009 дар ҳаҷми 1 млрд. 139 млн. 446 ҳазор сомонӣ тасдиқ кард, ки он нисбат ба нишондиҳандаи соли пешин қариб ду баробар зиёдтар аст.


