Дар Тоҷикистон таъсиси вазорат оид ба корҳои дин зарур аст, – назари коршиноси масоили сиёсӣ

Date:


Душанбе. 7-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Имсол дар Тоҷикистон Соли Имоми Аъзам эълон шудааст.




Дар сӯҳбати ихтисосӣ бо ОИ «Азия-Плюс» номзади улуми сиёсӣ, коршиноси масоили сиёсӣ Абдулло Ҳаким Раҳнамо дар робита ба ин масъала изҳор дошт, ки соли равон дар Тоҷикистон ба такмили усулии сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин зарурат пеш омадаст. Коршинос мӯътақид аст, ки дар Тоҷикистон таъсиси вазорат оид ба корҳои дин зарур аст. «Чунин вазорат дар кишварҳои рушдёфтаи дунявие чун Туркияву Миср фаъолият дорад ва таҳлилҳо баёнгари онанд, ки минбаъд дин яке аз омилҳои муҳими таҳкими ваҳдат, суботи ҷомеа ва амнияти миллӣ хоҳад гашт», – гуфт ӯ.



Ба гуфтаи коршинос, чунин вазорат дар пешгӯӣ, ҳамоҳангсозӣ ва идораи равандҳои динӣ дар ҷомеа нақши ҳалкунанда хоҳад бозид. «Ба ин мақомот сохторҳои ҷудогонаи марбут ба дин, аз қабили Маркази исломии ҶТ, Сарраёсати корҳо оид ба дини Вазорати фарҳанг, Маркази исломшиносии назди президенти Тоҷикистон, Сарраёсати танзими расму оини назди Дастгоҳи иҷроияи президенти ҷумҳурӣ ва ғайраро метавон муттаҳид сохт», – изҳор дошт ӯ.



А.Раҳнамо мегӯяд, ки ин вазорат бояд мақомоти соф шаҳрвандӣ бошад ва тамоми равобиту чорабиниҳои давлатии марбут ба дин бояд тавассути ин мақомот сурат бигирад.



Коршинос мегӯяд, шахсе, ки ба ин вазифа таъин мегардад, бояд миёни доираҳои динии кишвар соҳибэҳтиром бошад. Ба сифати шахсони арзанда ба ин мансаб коршинос аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, роҳбари Сарраёсати танзими расму оини Дастгоҳи иҷроияи президент Абдуҳалим Холиқов ва раиси Сарраёсати корҳо оид ба дини Вазорати фарҳанг Идибек Зиёевро номбар кард.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...