Дар Тавилдара аз рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия дар соли гузашта натиҷагирӣ мекунанд

Date:



           

Тавилдара. 9-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар ноҳияи Тавилдара машварати фаъолони ноҳия доир мегардад, ки дар он аз рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия дар соли 2008 натиҷагирӣ карда хоҳад шуд.





           

Тавре роҳбари дастгоҳи ҳукумати ноҳия Аҳлиддин Каримов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷаласа оид ба натиҷаҳои соли 2008 ва вазифаҳо дар соли ҷорӣ раиси ноҳия Ҳиммат Ғайратов маърӯза хоҳад кард.




           

Ба иттилои манбаъ, яке аз комёбиҳои кишоварзони ноҳия дар соли гузашта – азхудкунӣ ва обёрии


100 гектар

замин мебошад, ки дар он боғҳо бунёд мешаванд. Дар солҳои 2009-2010 боз азхудкунии 1 ҳазору

600 гектар

заминҳо дар назар аст.




           

Ғайр аз ин, аз маблағи 2,5 млн. сомонии ҷудогардида аз Фонди президенти Тоҷикистон барои сохтмон ва таъмири роҳи мошингарди Лаби Ҷар-Тавилдара-Миёнаду кормандони идораи истифодабарии роҳи ноҳияи Нуробод ба маблағи 1 млн. сомонӣ корҳоро ба сомон расонидаанд. Соли ҷорӣ муассисаи давлатии нозироти роҳҳои мошингарди ноҳияи Тавилдара анҷоми ин корро ба ӯҳдаи худ гирифтааст.




           

Дар кори ҷаласа вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қосим Қосимов иштирок мекунад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...