Дар Ҷоми Иттиҳод «Регар-ТадАЗ» дар зергурӯҳи худ пас аз ду бозӣ дар мақоми охир қарор дорад

Date:


Душанбе. 19-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Қаҳрамони футболи Тоҷикистон дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо як бохт ва як мусовӣ дар давраи 17-уми Ҷоми қаҳрамонони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Балтик, дар ҷадвали гурӯҳи “С” дар мақоми охирин қарор гирифтааст. Ҷоми Иттиҳод бо ширкати 16 даста рӯзи 17-уми январ дар шаҳри Маскав оғоз гардида, то 25-уми январ идома хоҳад кард.




Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода нахустин бозиашро бо қаҳрамони Эстония дастаи “Левадия” мусовӣ 1 бар 1 анҷом дод. Дар вохӯрии дуюм дастаи мо бо натиҷаи 1 бар 2 аз тими “Шериф” Тирасполи Молдова шикаст хӯрд.



Пагоҳ 20-уми январ, дар охирин бозии гурӯҳӣ, “Регар-ТадАЗ” бо ҳайати дуюми тими “Шахтёр”-и Украина зӯрозмоӣ мекунад. Сарфи назар аз ин ҳама, дастаи “Регар-ТадАЗ” ҳанӯз шонси баромадан аз зергурӯҳро дорад. Аммо ин, танҳо дар сурати шикасти “Левадия” аз пешсафи гурӯҳ – дастаи “Шериф”-и Молдова ва ғалабаи “Регар-ТадАЗ” бар тими “Шахтёр”-и Украина имконпазир мегардад. Бозии “Регар-ТадАЗ” бо “Шахтёр” пагоҳ соати 17 ба вақти Душанбе, дар варзишгоҳи Динамои шаҳри Маскав оғоз мешавад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...