Душанбе. 20-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Муҳоҷирони меҳнатии тоҷики шаҳри Екатеринбурги Русия аз Эмомалӣ Раҳмон дархост карданд, ки сармояи онҳо ба бунёди иншооти гидроэнергетики ҷумҳурӣ ҷалб карда шавад. Дар ин бора аз Екатеринбург тавассути телефон роҳбари диаспораи тоҷикони «Сомон» Фарҳод Мирзоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, муҳоҷирон тариқи хаттӣ ба сарвари давват дар ин хусус муроҷиат кардаанд. «Мо аз Эмомалӣ Раҳмон дархост намудем, ки ба ҳукумат оид ба таҳияи лоиҳаи махсуси ҷалби сармояи муҳоҷирони меҳнатӣ супориш диҳад», – гуфт ӯ.
Номбурда мегӯяд, дар сурати пазируфтани пешниҳоди онҳо, муҳоҷирони меҳнатӣ имкон пайдо мекунанд, дар бунёди иншооти гидроэнергетикии кишвар саҳм бигиранд. «Мо аз ҳамаи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дастгириро интизорем ва гуфтанием, ки мувофиқи имкон аз саҳм доштан дар бунёди чунин иншоот худро канор нагиранд», – афзуд Ф.Мирзоев.
Ёдовар мешавем, ки аз ворид гаштани чунин дархост президенти Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳукумат ҳафтаи гузашта хабар дода буд.


