Мақомоти шаҳрдории Душанбе барои ҷалби сармояҳои ҳамватанони бурунмарзӣ тамоми шароитҳоро фароҳам хоҳад овард

Душанбе. 20-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – 19 январи соли 2009 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳор дошт, ки шаҳрдорӣ барои ҷалби инвеститсияҳои дохиливу хориҷӣ, пеш аз ҳама сармояҳои ҳамватанони бурунмарзӣ тамоми шароитҳоро фароҳам меорад, ки дар татбиқи лоиҳаҳои […]

root


Душанбе. 20-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» –


19 январи соли 2009 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид.




Дар ҷаласа Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳор дошт, ки


шаҳрдорӣ барои ҷалби инвеститсияҳои дохиливу хориҷӣ, пеш аз ҳама сармояҳои ҳамватанони бурунмарзӣ тамоми шароитҳоро фароҳам меорад, ки дар татбиқи лоиҳаҳои сохтмонӣ потенсиали мавҷудаашон амалӣ гарданд. Баҳри ҳавасмандии онҳо омодааст, ки ҳамчун имтиёз аз пардохти андозҳои маҳаллӣ озод намояд.



Дар ҳамин радиф масъулини соҳаро муваззаф сохт, ки ҷиҳати ҳарчӣ зудтар ба анҷом расонидани масъалаи таҳрири нави Нақшаи генералии шаҳр озмуни такрории байналхалқӣ оид ба дарёфту интихоби

 

пудратчии иҷрои ин амал эълон карда шавад.



Вобаста ба бунёди иншооти армуғонии шаҳрдорӣ ба ифтихори 20-солагии Истиқлолият- 2 бинои 20 ошёна ба Кумитаи заминсозӣ ва Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳр дастур фармуд, ки оид ба интихоби қитъаи замин унвонии шаҳрдорӣ пешниҳодҳо ирсол намоянд. Дар ин бора котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.