Муҳоҷирони Екатеринбург ҷиҳати ҷалби сармояашон ба бунёди иншооти гидроэнергетикӣ унвонии Э.Раҳмон дархост ирсол карданд

               Душанбе. 20-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Муҳоҷирони меҳнатии тоҷики шаҳри Екатеринбурги Русия аз Эмомалӣ Раҳмон дархост карданд, ки сармояи онҳо ба бунёди иншооти гидроэнергетики ҷумҳурӣ ҷалб карда шавад. Дар ин бора аз Екатеринбург тавассути телефон роҳбари диаспораи тоҷикони «Сомон» Фарҳод Мирзоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод.             Ба гуфтаи ӯ, муҳоҷирон тариқи хаттӣ […]

Аваз Юлдошев


    



         

Душанбе. 20-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Муҳоҷирони меҳнатии тоҷики шаҳри Екатеринбурги Русия аз Эмомалӣ Раҳмон дархост карданд, ки сармояи онҳо ба бунёди иншооти гидроэнергетики ҷумҳурӣ ҷалб карда шавад. Дар ин бора аз Екатеринбург тавассути телефон роҳбари диаспораи тоҷикони «Сомон» Фарҳод Мирзоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод.





           

Ба гуфтаи ӯ, муҳоҷирон тариқи хаттӣ ба сарвари давват дар ин хусус муроҷиат кардаанд. «Мо аз Эмомалӣ Раҳмон дархост намудем, ки ба ҳукумат оид ба таҳияи лоиҳаи махсуси ҷалби сармояи муҳоҷирони меҳнатӣ супориш диҳад», – гуфт ӯ.




           

Номбурда мегӯяд, дар сурати пазируфтани пешниҳоди онҳо, муҳоҷирони меҳнатӣ имкон пайдо мекунанд, дар бунёди иншооти гидроэнергетикии кишвар саҳм бигиранд. «Мо аз ҳамаи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дастгириро интизорем ва гуфтанием, ки мувофиқи имкон аз саҳм доштан дар бунёди чунин иншоот худро канор нагиранд», – афзуд Ф.Мирзоев.




           

Ёдовар мешавем, ки аз ворид гаштани чунин дархост президенти Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳукумат ҳафтаи гузашта хабар дода буд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.