Соли гузашта дар ҷумҳурӣ 28 нафар узви фаъоли «Ҳизб-ут-таҳрир» ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуд

            Душанбе. 20-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Соли гузашта дар ҷумҳурӣ 28 узви фаъоли ҳаракати ифротгарои «Ҳизб-ут-таҳрир» ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуд. Дар ин бора ба рӯзноманигорон раиси Суди олии ҷумҳурӣ Нусратулло Абдуллоев хабар дод ва изҳор дошт, ки соли гузашта ин шумора ба 26 нафар баробар буд.             Ёдрас мекунем, ки фаъолияти ҳизби мазкур […]

Далер Ғуфронов



           

Душанбе. 20-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Соли гузашта дар ҷумҳурӣ 28 узви фаъоли ҳаракати ифротгарои «Ҳизб-ут-таҳрир» ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуд. Дар ин бора ба рӯзноманигорон раиси Суди олии ҷумҳурӣ Нусратулло Абдуллоев хабар дод ва изҳор дошт, ки соли гузашта ин шумора ба 26 нафар баробар буд.





           

Ёдрас мекунем, ки фаъолияти ҳизби мазкур дар Тоҷикистон соли 2001 мамнӯъ эълон гардид ва моҳи марти соли гузашта ин ҳизб ҳамчун ҳаракати ифротгаро эътироф карда шуд.




           

Раиси Додгоҳи Олӣ қайд кард, ки барои таъмини амнияти миллии кишвар аз ҷониби додгоҳ як

 

қатор қарорҳои муҳим, аз ҷумла моҳи сентябри соли гузашта манъ сохтани фаъолияти ҳаракати христиании «Шоҳидони Яҳво» ва аввали соли ҷорӣ қатъ сохтани фаъолияти равияи «Салафия» қабул шуданд. «Агар намояндагони дигар ҳизбу ҳаракатҳо нисбати қарорҳои додгоҳ вокуниш нишон дода бошанд, аз ҷониби равияи «Салафия» алҳол чунин амал сурат нагирифтааст», – афзуд Н.Абдуллоев.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.