Олимони тоҷик таҳдиди бӯҳрони молиявиро ба терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир баробар медонанд

            Душанбе. 20-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Олимони Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон бар чунин назаранд, ки бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ дар қатори терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир ба амнияти миллӣ ва иқтисоди ҷумҳурӣ хатари ҷиддӣ дорад. Чунин ақидаи олимонро чанде қабл директори ин марказ Сӯҳроб Шарипов изҳор намуд.             С.Шарипов гуфт, бар асари […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 20-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Олимони Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон бар чунин назаранд, ки бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ дар қатори терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир ба амнияти миллӣ ва иқтисоди ҷумҳурӣ хатари ҷиддӣ дорад. Чунин ақидаи олимонро чанде қабл директори ин марказ Сӯҳроб Шарипов изҳор намуд.





           

С.Шарипов гуфт, бар асари бӯҳрон нархи маҳсулоти содиротии кишвар ним баробар коҳиш ёфт ва мутаносибан даромади кишвар низ аз содирот кам шуд. «Гузашта аз ин, баргаштани муҳоҷирони меҳнатӣ ба кишвар, ки дар хориҷа ҷойи корро аз даст додаанд, ногузир ҷомеаро ба мушкилот мувоҷеҳ хоҳад сохт», – гуфт ӯ.




           

Номбурда чунин ибрози ақида намуд, ки ҷиҳати пешгирии бӯҳрони иҷтимоӣ мебояд дар сатҳи давлатӣ механизми соддаи тақсимоти замин таҳия гардида, эҷоди монеъаҳо дар соҳаи роҳандозии тиҷорат бартараф карда шавад. «Аксари муҳоҷирони меҳнатӣ бо маблағи муайяне бармегарданд ва дар сурати муҳайё сохтани шароити зарурӣ, онҳо метавонанд ин маблағро дар бахши воқеъии иқтисод, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои хурд, фаъолияти тиҷоратӣ ва бахши кишоварзӣ истифода намоянд», – таъкид дошт С.Шарипов.

 





           

Ба гуфтаи ӯ, олимони марказ бар асари бӯҳрони молиявӣ бозпас гаштани ҳудуди 30 дарсади муҳоҷирони меҳнатӣ, яъне тақрибан 200 ҳазор нафарро

 

пешбинӣ мекунанд.




           

Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии омори кишвар, феълан дар Тоҷикистон шумораи бекорони расман сабтшуда ҳудуди 50 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.