Имрӯз аз нашри шумораи нахустини ҳафтаномаи «Asia-Plus» 9 сол пур шуд

Date:


Душанбе. 21-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз аз нашри шумораи нахустини рӯзномаи Asia-Plus 9 сол пур шуд. «ASIA-Plus» оҷонсии иттилоотии мустақили Тоҷикистон мебошад. Дар Вазорати адлияи ҶТ соли 1995 ба қайд гирифта шудааст.




Аз рӯи натиҷаҳои соли 2000 Вазорати фарҳанги ҶТ ҳафтаномаро рӯзномаи беҳтарини иттилооти зудрас ва мӯътамад номид ва соли 2001 он ба ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон қадрдонӣ шуд. Имрӯз ҳафтаномаи «ASIA-Plus» аз рӯи адади нашр ва нуфуз дар ҷомеа миёни нашрияҳои русзабони Тоҷикистон устуворона мақоми аввалро соҳиб аст. Аз моҳи январи соли 2006 барои ронандагону дӯстдорони автомобил замима ба ҳафтанома таҳти унвони «АВТО-plus» ба табъ мерасад. Аз моҳи апрели соли 2008 ҳамчунин маҷаллаи «VIPzone» низ нашр шуда истодааст.

  




ОИ «Азия-Плюс» дар пойтахт ва минтақаҳои ҷумҳурӣ (Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Панҷакент, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Хоруғ, Рашт) шабакаҳои мухбирони худро таъсис дод ва ба яке аз сарчашмаҳои мӯътамади иттилооти фаврӣ табдил ёфт. Беҳуда нест, ки солҳои ахир дар расонаҳои хабарии ҷаҳон ба ОИ «Азия-Плюс» чун манбаи иттилооти маҳаллӣ оид ба ҶТ бештар ишора мекунанд. Шиори мо – ВОҚЕИЯТ, ЗУДРАСӢ, МУСТАҚИЛИЯТ аст.



Имрӯз Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Тоҷикистон, вазорату муассисоти ҷумҳурӣ, бонкҳо, сохторҳои бузурги тиҷоратӣ истифодабарандагони хидматгузориҳои оҷонсӣ мебошанд. Аз хабарномаи оҷонсӣ бо забони англисӣ дафтари кории САҲА (Вена), сохторҳои махсуси СММ (UNHCR, UNICEF, UNDP, UNWFP, UNODCCP), Бонки таҷдид ва рушди Аврупо, Бонки ҷаҳонӣ, Бунёди Оғохон, бунёди маълумоти компютерии машҳури ҷаҳон «Dow Jones», Корпоратсияи радиову телевизиони ВВС (Лондон), радиои «Озодӣ» (Прага), дафтари кории Бонки рушди Осиё (Манила) ва чанде дигар созмону ташкилотҳои маъруфи дунё истифода мекунанд. Маводҳои иттилооти оҷонсӣ ҳамчунин дар сомонаи




www

.

news

.

tj




низ ба нашр мерасанд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...