Кормандони хадамоти гумрук ҷамъоварии ҳаҷми зарурии боҷи давлатиро дар соли ҷорӣ таъмин карданианд

Душанбе. 21-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Сарфи назар аз бӯҳрони молиявӣ, кормандони хадамоти гумруки ҷумҳурӣ ҷамъоварии ҳаҷми зарурии боҷи давлатиро дар соли 2009 таъмин карданианд. Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ муовини аввали сардори хадамоти гумруки кишвар Неъматбой Раҳматов изҳор дошт, ки ҳаҷми ҷамъоварии маблағи боҷи давлатӣ барои соли 2009 ба миқдори 2 млрд. сомонӣ муқаррар гардида […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 21-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Сарфи назар аз бӯҳрони молиявӣ, кормандони хадамоти гумруки ҷумҳурӣ ҷамъоварии ҳаҷми зарурии боҷи давлатиро дар соли 2009 таъмин карданианд.




Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ муовини аввали сардори хадамоти гумруки кишвар Неъматбой Раҳматов изҳор дошт, ки ҳаҷми ҷамъоварии маблағи боҷи давлатӣ барои соли 2009 ба миқдори 2 млрд. сомонӣ муқаррар гардида буд, вале дар ҷаласаи ахири ҳукумати кишвар сарвари давлат хадамотро вазифадор кард, ки ҳаҷми он боз 100 млн. сомонии дигар афзуда шавад.



Ба гуфтаи Н.Раҳматов, соли 2008 кормандони хадамот ба буҷаи кишвар 1 млрд. 629 млн. сомонӣ маблағ ворид сохтанд, ки нисбат ба ҳаҷми пешбинишуда 366 млн. сомонӣ зиёдтар аст.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.