Имрӯз аз нашри шумораи нахустини ҳафтаномаи «Asia-Plus» 9 сол пур шуд

Душанбе. 21-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз аз нашри шумораи нахустини рӯзномаи Asia-Plus 9 сол пур шуд. «ASIA-Plus» оҷонсии иттилоотии мустақили Тоҷикистон мебошад. Дар Вазорати адлияи ҶТ соли 1995 ба қайд гирифта шудааст. Аз рӯи натиҷаҳои соли 2000 Вазорати фарҳанги ҶТ ҳафтаномаро рӯзномаи беҳтарини иттилооти зудрас ва мӯътамад номид ва соли 2001 он ба ҷоизаи […]

root


Душанбе. 21-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз аз нашри шумораи нахустини рӯзномаи Asia-Plus 9 сол пур шуд. «ASIA-Plus» оҷонсии иттилоотии мустақили Тоҷикистон мебошад. Дар Вазорати адлияи ҶТ соли 1995 ба қайд гирифта шудааст.




Аз рӯи натиҷаҳои соли 2000 Вазорати фарҳанги ҶТ ҳафтаномаро рӯзномаи беҳтарини иттилооти зудрас ва мӯътамад номид ва соли 2001 он ба ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон қадрдонӣ шуд. Имрӯз ҳафтаномаи «ASIA-Plus» аз рӯи адади нашр ва нуфуз дар ҷомеа миёни нашрияҳои русзабони Тоҷикистон устуворона мақоми аввалро соҳиб аст. Аз моҳи январи соли 2006 барои ронандагону дӯстдорони автомобил замима ба ҳафтанома таҳти унвони «АВТО-plus» ба табъ мерасад. Аз моҳи апрели соли 2008 ҳамчунин маҷаллаи «VIPzone» низ нашр шуда истодааст.

  




ОИ «Азия-Плюс» дар пойтахт ва минтақаҳои ҷумҳурӣ (Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Панҷакент, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Хоруғ, Рашт) шабакаҳои мухбирони худро таъсис дод ва ба яке аз сарчашмаҳои мӯътамади иттилооти фаврӣ табдил ёфт. Беҳуда нест, ки солҳои ахир дар расонаҳои хабарии ҷаҳон ба ОИ «Азия-Плюс» чун манбаи иттилооти маҳаллӣ оид ба ҶТ бештар ишора мекунанд. Шиори мо – ВОҚЕИЯТ, ЗУДРАСӢ, МУСТАҚИЛИЯТ аст.



Имрӯз Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Тоҷикистон, вазорату муассисоти ҷумҳурӣ, бонкҳо, сохторҳои бузурги тиҷоратӣ истифодабарандагони хидматгузориҳои оҷонсӣ мебошанд. Аз хабарномаи оҷонсӣ бо забони англисӣ дафтари кории САҲА (Вена), сохторҳои махсуси СММ (UNHCR, UNICEF, UNDP, UNWFP, UNODCCP), Бонки таҷдид ва рушди Аврупо, Бонки ҷаҳонӣ, Бунёди Оғохон, бунёди маълумоти компютерии машҳури ҷаҳон «Dow Jones», Корпоратсияи радиову телевизиони ВВС (Лондон), радиои «Озодӣ» (Прага), дафтари кории Бонки рушди Осиё (Манила) ва чанде дигар созмону ташкилотҳои маъруфи дунё истифода мекунанд. Маводҳои иттилооти оҷонсӣ ҳамчунин дар сомонаи




www

.

news

.

tj




низ ба нашр мерасанд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.