Ҳ.Зарифӣ: Бо кишварҳои НАТО танҳо масъалаи транзити борҳои ғайринизомӣ тавассути қаламрави ҷумҳурӣ ба Афғонистон баррасӣ мешавад

            Душанбе. 21-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар ҷараёни нишасти матбуотӣ вазири умури хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ изҳор дошт, ки миёни кишварҳои минтақа Тоҷикистон дар ҳалли масоили марбут ба Афғонистон нақши ҳалкунанда дорад. «Бо кишварҳои НАТО танҳо масъалаи транзити борҳои ғайринизомӣ тавассути қаламрави ҷумҳурӣ ба Афғонистон баррасӣ мешавад ва фикр мекунам, ки ояндаи наздик […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 21-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар ҷараёни нишасти матбуотӣ вазири умури хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ изҳор дошт, ки миёни кишварҳои минтақа Тоҷикистон дар ҳалли масоили марбут ба Афғонистон нақши ҳалкунанда дорад. «Бо кишварҳои НАТО танҳо масъалаи транзити борҳои ғайринизомӣ тавассути қаламрави ҷумҳурӣ ба Афғонистон баррасӣ мешавад ва фикр мекунам, ки ояндаи наздик дар ин масъала мувофиқа ҳосил хоҳад шуд», – гуфт ӯ.





           

Ҳ.Зарифӣ ҳамчунин зикр кард, ки айни замон миёни Тоҷикистону Амрико оид ба сохтмони пули нав дар рӯди Панҷ, дар мавзеи Кокул дар ноҳияи Фархор тавофуқ ҳосил шудааст, ки он ба афзоиши муомилоти мол миёни кишварҳо ва тезонидани дастрасии кӯмаки башардӯстона ба Афғонистон мусоидат хоҳад кард.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.