Душанбе. 21-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Котиботи Шӯрои Машваратӣ оид ба беҳбуди фазои сармоягузории назди президенти Тоҷикистон ба соҳибкорони ҷумҳурӣ муроҷиат намуда, аз онҳо пешниҳоди тавсияҳо оид ба беҳбуди шароиту шаклҳои тиҷорат, такмили заминаи ҳуқуқии танзими фаъолияти соҳибкорӣ ва ворид сохтани он ба барномаи «200 рӯзи ислоҳот»-ро дархост кард.
Тавре роҳбари Котибот Шералӣ Зардов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, барномаи «200 рӯзи ислоҳот» аз амалисозии ба самти мусбат тағйир додани нишондодҳои фаъолияти соҳибкорӣ иборат буда, ҳадаф аз он таҳияи маҷмӯи асноди қонунгузорӣ ва соддакунии тартибу қоидаҳои маъмурӣ баҳри беҳбуди ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди кишвар аст.
«Котибот ният дорад, тавсияҳоро ба низом дароварда, онро ҷиҳати баррасӣ ба гурӯҳи кории байниидоравӣ, ки бо мақсади таҳияи барномаи зикршуда таъсис дода мешавад, пешниҳод намояд», – афзуд Ш.Зардов.


