Ҳамрохон Зарифӣ нусхаҳои эътимодномаи сафири кабири нави Бритониёи Кабир дар Тоҷикистонро қабул кард

Душанбе. 22-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи гузашта вазири корҳои хориҷии ҷумҳурии Тоҷикистон – Ҳамрохон Зарифӣ нусхаҳои эътимодномаи Сафири ҷадиди фавқулъодда ва мухтори Бритониёи Кабир дар Тоҷикистон Тревор Чарлз Мурро қабул кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз вазорати корҳои хориҷии мамлакат хабар доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ як қатор масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону […]

Виктория Наумова


Душанбе. 22-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи гузашта вазири корҳои хориҷии ҷумҳурии Тоҷикистон – Ҳамрохон Зарифӣ нусхаҳои эътимодномаи Сафири ҷадиди фавқулъодда ва мухтори Бритониёи Кабир дар Тоҷикистон Тревор Чарлз Мурро қабул кард.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз вазорати корҳои хориҷии мамлакат хабар доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ як қатор масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Бритониё мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.




 

Ёдовар мешавем, Тревор Чарльз Мур дар маснади сафири Бритониё дар Тоҷикистон Грэм Лотенро, ки аз соли 2004 дар ин мақом ифои вазифа кардааст, иваз намуд. Ба иттилои сафорати Бритониё дар Тоҷикистон, фаъолияти дипломатиашро Тревор Мур солҳои 80-уми асри гузашта шурӯъ карда ва нахуст дар сафоратхонаҳои Бритониё дар Белгрод, Ню-Йорк ва Вошингтон ифои вазифа кардааст. Оқои Мур то таъин шудан ба мақоми сафири Бритониё дар Тоҷикистон муъовинати гурӯҳи ҳуқуқи башар, демукросӣ ва мудирият дар вазорати корҳои хориҷаи Бритониёро бар ӯҳда дошт.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.