Тарофаҳои нави нерӯи барқи Сангтӯда-1 пас аз анҷоми пурраи сохтмони иншоот муайян карда мешаванд

            Душанбе. 28-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Тарофаҳои ниҳоии нерӯи барқи нерӯгоҳи Сангтӯда-1 пас аз анҷоми пурраи сохтмони иншоот муайян карда мешаванд.             Тавре дар мулоқот бо рӯзноманигорон муовини аввали вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Пӯлод Муҳиддинов хабар дод, феълан нерӯи барқи нерӯгоҳ чун пештара бо арзиши 1,15 сент барои 1 кВт/соат фурӯхта мешавад. «Тарофаҳои […]



           

Душанбе. 28-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Тарофаҳои ниҳоии нерӯи барқи нерӯгоҳи Сангтӯда-1 пас аз анҷоми пурраи сохтмони иншоот муайян карда мешаванд.





           

Тавре дар мулоқот бо рӯзноманигорон муовини аввали вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Пӯлод Муҳиддинов хабар дод, феълан нерӯи барқи нерӯгоҳ чун пештара бо арзиши 1,15 сент барои 1 кВт/соат фурӯхта мешавад. «Тарофаҳои нав бо назардошти нархи миёнаи барқ дар ҷумҳурӣ муайян карда мешаванд», – гуфт ӯ.




           

Муовини вазир зикр кард, ки мавриди истифода қарор додани агрегати чаҳоруми нерӯгоҳ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст. Ёдрас мекунем, ки қаблан ба истифода додани агрегати чаҳоруми нерӯгоҳ ахири соли гузашта пешбинӣ гардида буд, вале моҳи ноябри соли 2008 ин мӯҳлат то 25-уми феврали соли ҷорӣ мавқуф гузошта шуда буд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.