Ш.Салимзода интиқоди Б.Бобохоновро қабул надорад

Душанбе. 28-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди президенти Тоҷикистон дар мавриди шарҳи интиқоди чанде қабл садодода аз ҷониби додситони кулли ҷумҳурӣ Бобоҷон Бобохонов оид ба фаъолияти агентӣ ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки агентӣ бевосита ба президент ҳисобот медиҳад ва танҳо сарвари давлат ҳуқуқ дорад, ки […]


Душанбе. 28-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди президенти Тоҷикистон дар мавриди шарҳи интиқоди чанде қабл садодода аз ҷониби додситони кулли ҷумҳурӣ Бобоҷон Бобохонов оид ба фаъолияти агентӣ ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки агентӣ бевосита ба президент ҳисобот медиҳад ва танҳо сарвари давлат ҳуқуқ дорад, ки ба фаъолияти онҳо баҳо диҳад.




Гузашта аз ин, Ш.Салимзода изҳороти мазкурро «ақидаи шахсии додситони кулл» арзёбӣ намуд. «Натиҷаи кори мо дар соли гузашта таҷассумгари самаранокии фаъолияти агентӣ мебошад», – гуфт ӯ.



Ба гуфтаи ӯ, соли 2008 аз тарафи агентӣ 1 ҳазору 82 санҷишу тафтиш гузаронида шуда, дар натиҷа ба маблағи умумии ҳудуди 96 млн. сомонӣ зарар ошкор карда шудааст, ки 21,7 дарсади онро камомад ва азхудкунии воситаҳои пулӣ ва моддӣ ташкил медиҳанд. «Дар маҷмӯъ, ба фоидаи давлат 66 млн. сомонӣ маблағи зарар рӯёнида шуд», – гуфт директори агентӣ.



Ш.Салимзода қайд кард, ки соли гузашта 1 ҳазору 309 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва маъмурӣ ҷалб гардида, 88 нафар аз мансаб сабукдӯш шуд. Дар давраи ҳисоботӣ 895 ҷинояти хусусияти коррупсионӣ дошта ошкор гардиданд, ки 385 ҷиноят ба дуздӣ тавассути азонихудкунӣ, камомад ва қаллобӣ ва 161 ҷиноят ба порагирӣ ва додани пора марбутанд, ки 127-тои он аз тарафи мансабдорони муассисаҳои давлатӣ содир шудаанд. «Мехостам зикр намоям, ки соли 2006, яъне то таъсиси агентӣ, аз ҷониби тамоми сохтори мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ 121 далели порагириву пора додан ошкор гардида буд, ки 76-тои он аз ҷониби мансабдорони муассисаҳои давлатӣ содир гардида буд», – гуфт Ш.Салимзода.



Роҳбари агентӣ таъкид сохт, ки соли 2008 тафтиши 310 парвандаи ҷиноӣ ба анҷом расида, 277 парванда нисбати 409 нафар гунаҳкорон барои моҳиятан баррасӣ намудан ба додгоҳ фиристода шудааст.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.