Дар Тоҷикистон коҳиши қурби асъори миллӣ нисбат ба доллари амрикоӣ идома дорад

spot_imgspot_img

Дата:


Душанбе. 4-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон бори навбатӣ болоравии қурби доллари амрикоӣ нисбат ба асъори миллӣ ба мушоҳида расид. Арзиши 1 доллари амрикоӣ имрӯз дар нуқтаҳои мубодилаи асъори пойтахт ба 4 сомонӣ расид. Гузашта аз ин, дар нуқтаҳои мубгодилаи асъор бинобар набудани доллари амрикоӣ аз фурӯши он худдорӣ менамоянд.




Тавре аз ҶСК «Агроинвестбонк» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, субҳи дирӯз қурби доллар дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ин бонк барои хариди 1 $ 3,75 сомонӣ ва фурӯши он 3,77 муқаррар шуда, соати 11-и рӯз қурби он мутаносибан аллакай то 3,80

 

ва 3,82 сомонӣ расид. «Феълан 1 $ дар нуқтаҳои мубодилаи асъори «Агроинвестбонк» бо арзиши 3,86 сомонӣ харида шуда, бо нархи 3,88 сомонӣ фурӯхта мешуд», – хабар дода буданд аз бонк. Имрӯз бошад, аллакай арзиши қабули доллар ба 3,98 сомонӣ ва фурӯши он ба 4 сомонӣ баробар шудааст.



Аз ҶСК «Бонки рушди Тоҷикистон» иттилоъ доданд, ки қаблан қурби доллари амрикоӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ин бонк 3,78 сомониро ташкил медод, вале дирӯз он аллакай то 3,88 сомонӣ афзудааст.



Тибқи иттилои сарчашма аз ҶСК «Тоҷиксодиротбонк», рӯзи пешин ва дирӯз дар 33 нуқтаи мубодилаи асъори ин бонк арзиши доллар дар як мизон нигоҳ дошта шуда, дар ин рӯзҳо нархи хариди он 3,78 ва фурӯши он 3,80 сомониро ташкил додааст. Имрӯз дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ин бонк арзиши қабули доллар 3,88 ва фурӯши он 4 сомониро ташкил додааст.

 

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби 1 доллари амрикоиро 3,72 сомонӣ муқаррар кардааст.


Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...