Душанбе. 4-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар мусоҳибаи ихтисосӣ ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Майкл Ҷонс ва сариқтисодчии Дафтари барнома дар Аврупо ва кишваҳои ИДМ Бен Слей иҳор доштанд, ки имрӯз Тоҷикистонро мебояд на ба мушкилоти сохтмони нерӯгоҳи Роғун, балки ба бунёди нерӯғоҳҳои хурди барқӣ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир созанд. «Сохтмони нерӯгоҳи Роғун масъалаи 10-15 соли оянда аст ва имрӯз зарур аст, ки ба мушкилоти талафоти барқ бештар аҳамият дод, зеро тибқи маълумоти ба мо расида, чунин талафот маҳз дар шабакаҳои барқи Тоҷикистон бештар ҷой доранд», – гуфтанд мусоҳибон.
Тибқи назари Майкл Ҷонс, бунёди иншооте аз қабили нерӯгоҳи Роғунро мебояд мувофиқа сохт, зеро чунин обанбори бузург метавонад ба низоми обёрии кишварҳои поёноб таъсир бигузорад. «Феълан СММ гуфта наметавонад, ки дар баҳси сохтмони нерӯгоҳи Роғун ҳақ ба ҷониби кист, зеро ин масъала бояд мувофиқи тартиби ҷорӣ мавриди ҳаллу фасл қарор гирад ва оид ба ин масъала конвенсияи оби СММ амал мекунад, ки дар он чӣ тарз ҳал гардидани масъала дар чунин мавридҳо нишон дода шудааст», – мегӯяд Бен Слей.
Ба гуфтаи Бен Слей, Тоҷикистону Ӯзбекистон ҷиҳати ҳалли ин қазия ба Комиссия иқтисодии СММ дар Женева муроҷиат кардаанд, лекин барои ҳаллу фасли баҳс лозим меояд, кори зиёдеро ба сомон расонид.
Дар ҳамин ҳол, намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар ҶТ Майкл Ҷонс зикр кард, ки СММ омода аст, ба бунёди як қатор нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар Тоҷикистон маблағгузорӣ намояд. «Тибқи маълумоти доштаи ман, ҳукумати Тоҷикистон соли равон ният дорад, ҳудуди 50 нерӯгоҳи хурди барқӣ бунёд созад ва ин иқдом хеле хуб аст», – афзуд М.Ҷонс.



