Душанбе. 6-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар ҷумҳурӣ иди касбии кормандони милиса таҷлил мегардад.
Тавре аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, соли равон аз оғози фаъолияти кормандони милиса дар замони истиқлолияти кишвар 18 сол пур мешавад. Таърихи таъсиси сохтори милисаи тоҷик аз ташкили Комиссариати халқии умури дохилии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон дар соли 1924 шурӯъ мегардад. Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар ҳангоми иҷрои вазифаи хидматӣ беш аз 1 ҳазору 700 нафар корманди милиса ҷони худро аз даст додаанд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар тамоми сохтори Вазорати умури дохилӣ чорабиниҳои идона доир мегарданд. Дар вазорат бо иштироки собиқадорони мақомоти милиса ҷамъомади тантанавӣ баргузор гашта, ҳозиринро вазири умури дохилӣ Абдураҳим Қаҳҳоров бо иди касбӣ табрику таҳният хоҳад гуфт. Сипас дар маҷмааи «Кохи Ҷомӣ» консерти идона барпо мешавад.



