Душанбе. 9-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз, 9 феврал нуқтаҳои мубодилаи асъор ба муштариён қурби хариду фурӯши асъорро ба ҳисоби миёнаи 3,74-3,78 сомонӣ барои 1 доллари ИМА пешниҳод намуданд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.
«Дар ҳоли ҳозир бозори асъор дар ҳамин сатҳ мӯътадил гардидааст ва нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе дар ҳолати маъмулии кор фаъолият доранд, – таъкид сохт манбаъ. – Умуман, дар бозор сатҳи кифоягии пешниҳоди асъори хориҷӣ ба назар мерасад».
Тибқи маълумоти расида, имрӯз дар нуқтаҳои мубодилаи асъори «Ориёнбонк» қурби хариду фурӯши доллари амрикоӣ
мутаносибан ба 3,68 ва 3,70; «Тоҷиксодиротбонк» ба 3,78 ва 3,80;, «Агроинвестбонк» ба 3,74 ва 3,77 ва «Бонки рушди Тоҷикистон» ба 3,72 ва 3,90 сомонӣ баробар аст.


