Дар Душанбе лоиҳаи сохтори Стратегияи коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012 муаррифӣ гардид

Душанбе. 12-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Душанбе лоиҳаи сохтори Стратегияи коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012 муаррифӣ гардид. Зимни шарҳи он муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Абдуғаффор Раҳмонов изҳор дошт, ки таҳияи лоиҳа ахири моҳи оянда ба анҷом расида, сипас ҷиҳати баррасӣ ба ҳукумат пешниҳод мегардад.             Дар бораи […]

Пайрав Чорашнбиев


Душанбе. 12-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Душанбе лоиҳаи сохтори Стратегияи коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012 муаррифӣ гардид. Зимни шарҳи он муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Абдуғаффор Раҳмонов изҳор дошт, ки таҳияи лоиҳа ахири моҳи оянда ба анҷом расида, сипас ҷиҳати баррасӣ ба ҳукумат пешниҳод мегардад.





           

Дар бораи натиҷаҳои стратегия А.Раҳмонов гуфт, феълан ҳамагӣ 53 дарсади чораҳои зарурии ин санад ба сомон расидаанд. «Агар мушкилоти сохторӣ комилан ҳал мегаштанду саривақт Шӯрои миллии рушд, шӯрои методиву коршиносон таъсис меёфту сохтори мониторинг ва баҳодиҳӣ дар мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ташкил мегардид, ин нишондиҳанда метавонист хеле зиёдтар бошад», – гуфт ӯ.




           

Номбурда зикр кард, ки вазъи бӯҳрони энергетикии зимистони солҳои 2007-2008 низ яке аз иллатҳои дар сатҳи зарурӣ иҷро нагардидани чорабиниҳои ин ҳуҷҷат мебошад. «Ҳамчунин истифодаи ғайриоқилонаи кӯмаки хориҷӣ ва ба эътибор нагирифтани ҷиҳатҳои маблағгузории ин стратегия ҳангоми таҳияи буҷет ҷараёни иҷрои чорабиниҳои пешбинишударо боздоштанд», – афзуд А.Раҳмонов.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.