Р.Зойиров аз президент дархост кард, ки бо роҳбарони аҳзоби сиёсӣ вохӯрӣ баргузор созад

Душанбе. 13-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров аз президент даъват ба амал овард, ки бо роҳбарони аҳзоби сиёсии ҷумҳурӣ вохӯрӣ баргузор созад. Ба гуфтаи ӯ, президент ҳамчун сарвари давлат ва раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ягон маротиба бо роҳбарони аҳзоби сиёсӣ ва сардабирони ВАО-и Тоҷикистон мулоқот доир насохтааст. Зарурати чунин […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 13-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров аз президент даъват ба амал овард, ки бо роҳбарони аҳзоби сиёсии ҷумҳурӣ вохӯрӣ баргузор созад.




Ба гуфтаи ӯ, президент ҳамчун сарвари давлат ва раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ягон маротиба бо роҳбарони аҳзоби сиёсӣ ва сардабирони ВАО-и Тоҷикистон мулоқот доир насохтааст. Зарурати чунин мулоқотро Р.Зойиров бо вазъи кунунии душвори сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар кишвар асоснок намуд.



Раиси ҲСДТ мегӯяд, бо иштироки президент бояд камаш чаҳор муколама доир гардад. «Дар мулоқоти аввал бо роҳбарони аҳзоби сиёсӣ бояд масъалаи демократикунонии ҷомеаи Тоҷикистон, дар мулоқоти дуввум масъалаи ислоҳоти иқтисодӣ дар кишвар ва дар мулоқоти саввум масъалаи рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, мулоқоти чаҳорум бояд бо роҳбарони аҳзоби сиёсӣ ва сардабирони ВАО сурат бигирад», – таъкид сохт Р.Зойиров.



Р.Зойиров афзуд, мулоқотҳо набояд чун ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ сурат бигиранд, зеро дар онҳо «ҳеҷ гоҳ мубоҳисаҳои муфид доир нагардида буданд».


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.