Душанбе. 13-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Тоҷикистон ҷиҳати маблағгузории сохтмони нақби «Чормағзак» бо Бонки содироту воридоти «Эксимбонк»-и Чин гуфтушунид дорад.
Тавре аз Вазорати нақлиёт ва коммуникастсияи ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, интизор меравад, ки бонки мазкур барои сохтмони нақб ба маблағи 46 млн. $ қарзи дарозмуддат ҷудо месозад, аммо то ҳанӯз ҳеҷ асноде миёни ҷонибҳо ба имзо нарасидааст.
Қобили зикр аст, ки моҳи майи соли 2007 зимни сафари президенти Тоҷикистон ба Эрон миёни кишварҳо оид ба лоиҳакашӣ ва сохтмони нақби «Чормағзак» Ёддошти тафоҳум ба имзо расида буд. Он замон пудратчии сохтмон ширкати эронии «Собир интернейшнл» интихоб гардида, қарор шуда буд, ҳукумати Эрон ҷиҳати татбиқи он 55 млн $ ҷудо мекунад, вале дертар дар вазорати нақлиёт изҳор доштанд, ки сохтмони иншоот танҳо пас аз муайян кардани арзиши ниҳоии лоиҳа шурӯъ хоҳад шуд.
Ба лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Данғара, ки дар сохтмони он ширкати чиноӣ машғул аст, ҳамчунин лоиҳаи сохтмои нақби «Чормғзак» низ шомил аст.


