Дар Тоҷикистон фаъолияти созмони хайрияи German Alliance Mission мамнӯъ эълон гардид

Date:


Душанбе. 17-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар қаламрави Тоҷикистон фаъолияти созмони хайрияи


German




Alliance




Mission


мамнӯъ эълон гардид.




Тавре сардори Раёсати бақайдгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва аҳзоби сиёсии Вазорати адлияи ҶТ Давлат Сулаймонов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, даъвои вазорат, ки ба додгоҳи ноҳияи исмоили Сомонӣ пешниҳод гардида буд, рӯзи 12-уми феврал қонеъ карда шуд.



Д.Сулаймонов мегӯяд, зимни санҷиши созмони мазкур моҳияти динӣ доштани самти фаъолияти он ошкор гардид ва муаяйян карда шуд, ки кормандони созмон дар истироҳатгоҳҳои ташкилкардаи тобистона барои кӯдакону наврасон ва дар дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ арзишҳои мазҳаби христианиро фаъолона таблиғу ташвиқ менамуданд. «Ҳамин тариқ, онҳо фаъолияти оинномавии худро риоя накарданд ва бо такя бар ин асос мо ба додгоҳ даъво пешниҳод сохтем», – гуфт ӯ.



Тибқи маълумоти Вазорати адлия, намояндагии созмони хайрияи


German




Alliance




Mission




дар қаламрави кишвар муддати 10 сол аст, ки фаъолият дошт. Аз эҳтимол дур нест, ки намояндагони созмон қарори додгоҳро ҷиҳати таҷдиди назар ба марҳилаи кассатсионӣ ирсол хоҳанд дошт.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...