Муҳоҷирони меҳантии Роғун барои сохтмони нерӯгоҳи бузургтарини минтақа ба ватан бармегарданд

Date:


Роғун. 20-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – То имрӯз ба шаҳри Роғун аз шумори умумии 1820 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ 1420 нафар сокини шаҳр баргашт.




Тавре муовини раиси шаҳр Файзалӣ Толибов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, аз муҳоҷирони баргашта 450 нафарашон дар сохтмони иншооти нерӯгоҳи Роғун бо ҷойи кор таъмин карда шуданд.



Ба иттилои манбаъ, бинобар солҳои ахир мутаваққиф сохтани нерӯгоҳ шароитҳои манзили зист он қадр хуб нестанд. «Феълан корҳои таъмиру барқарорсозии Маркази барқу гармидиҳии рақами 2 идома дорад ва рӯзҳои наздик хонаҳои сохтмончиён бо гармӣ таъмин хоҳад шуд», – гуфт Ф.Толибов.



Дар ҳамин ҳол, соли равон дар шаҳри Роғун ифтитоҳи коллеҷи нави техникӣ ба нақша гирифта шудааст. Роҳбари маркази шуғли аҳолии шаҳр Шарифамо Ғаюрова мегӯяд, ифтитоҳи коллеҷ мушкилоти зиёдеро ҳал хоҳад кард, зеро имрӯз дар сохтмони иншооти нерӯгоҳ норасоии мутахассисон эҳсос мегардад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...