Парлумони Тоҷикистон созишнома дар бораи марзи давлатӣ бо Ӯзбекистонро ба тасвиб мерасонад

            Душанбе. 25-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз масъалаи ба тасвиб расонидани Созишнома миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи марзи давлатии кишварҳоро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.             Тавре сухангӯи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷаласаи иҷлосияи панҷуми МН МО ҶТ ҳамчунин баррасии […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 25-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз масъалаи ба тасвиб расонидани Созишнома миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи марзи давлатии кишварҳоро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.





           

Тавре сухангӯи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷаласаи иҷлосияи панҷуми МН МО ҶТ ҳамчунин баррасии лоиҳаҳои Қонуни ҶТ «Дар бораи ҷорӣ сохтани моратория ба санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна», Қонуни ҶТ «Дар бораи қарзҳо» ва дигар асноди меъёриву ҳуқуқӣ пешбинӣ шудааст.




           

Ёдовар мешавем, чанде қабл пас аз мулоқот бо муовини аввали нахуствазири Ӯзбекистон Рустам Азимов президенти Тоҷикистон пешниҳод сохт, ки созишнома дар бораи марзи давлатӣ миёни Ӯзбекистону Тоҷикистон аз ҷониби парлумони кишварҳо зудтар ба тасвиб бирасад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.