Дар Тоҷикистон аъзои гурӯҳи муташаккили ҷинояткор боздошт шуд

Душанбе. 26-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон аз фаъолияти гурӯҳи муташаккили ҷинояткор, ки ба ҳайати он кормандони дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН) ва нерӯҳои марзбонии кишвар шомил буданд, ҷилавгирӣ карда шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, кормандони милиса се нафар аъзои фаъоли гурӯҳ – муовини сардори дастаи таъиноти […]

Наргис Ҳамробоева


Душанбе. 26-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон аз фаъолияти гурӯҳи муташаккили ҷинояткор, ки ба ҳайати он кормандони дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН) ва нерӯҳои марзбонии кишвар шомил буданд, ҷилавгирӣ карда шуд.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, кормандони милиса се нафар аъзои фаъоли гурӯҳ – муовини сардори дастаи таъиноти махсуси милисаи Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ – Равшан Ҳомидов, сардори шӯъбаи навбатдории ин гурӯҳ Тоҳир Раҳимов ва шаҳрванди бекор Хуршед Исломовро дастгир намуданд. Ба роҳбари гурӯҳ – корманди Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Таваккалхӯҷа Низомов муяссар шуд, ки пинҳон гардад ва айни замон ӯ мавриди пайгарди қонунӣ эълом шудааст.



Тибқи иттилои манбаъ, ҳамаи онҳо ба содир намудани ҷиноятҳои вазнин дар қаламрави ҷумҳурӣ ва ҳодисаи чанде қабл ғорат намудани казинои «Помир» дар ҷамоати Оққӯрғони ноҳияи Рӯдакӣ гумонбар дониста мешаванд. Шаби 15-уми феврал гурӯҳи афроди мусаллаҳи ниқобпӯш ба казино ворид гардида, бо таҳдиду зӯроварӣ аз силоҳи оташфишон бошандагони казино, кормандон ва посбонони онро рӯи фарш мехобонанд ва сипас аз ҳозирин телефонҳои мобилӣ ва калидҳои мошинҳояшонро кашида гирифта, сейфи нигаҳдории пулро, ки дар дохили он ҳудуди 40 ҳазор доллари ИМА мавҷуд буд, бо худ мебаранд. Онҳо ҳамчунин таҷҳизоти наворбардории видеоии казино ва протсесори компутарро низ бо худ мегиранд. Пас аз он ба мошини навъи «


Lexus


-350» нишаста оромона аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд. Мошин субҳи рӯзи дигар дар канори маҳаллаи Калинини пойтахт ёфт шуд.



Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бар ин назаранд, ки ҷинояти мазкур дақиқан омода гардидааст. Аз рӯи далели мазкур парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.