Г.Кошлаков: Нофаҳмост, ки чӣ тавр метавон сохтмони нотамомро ба феҳристи иншооти ғайриқобили хусусигардонӣ шомил кард

Душанбе. 26-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ зимни ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи хусусигардонии амволи давлатӣ» намояндагони мардумӣ оид ба ғайриқобили хусусигардонӣ будани нерӯгоҳҳои Нораку Роғун ва КВД «Талко» қарор ба тасвиб расониданд. Зимни шарҳи масъалаи мазкур мудири кафедраи менеҷменти Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Георгий […]

Пайрав Чоршанбиев


Душанбе. 26-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ зимни ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи хусусигардонии амволи давлатӣ» намояндагони мардумӣ оид ба ғайриқобили хусусигардонӣ будани нерӯгоҳҳои Нораку Роғун ва КВД «Талко» қарор ба тасвиб расониданд.




Зимни шарҳи масъалаи мазкур мудири кафедраи менеҷменти Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Георгий Кошлаков дар сӯҳбати ихтисосӣ бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» чунин ибрози ақида намуд, ки ба ӯ нофаҳмост, ки чӣ тавр метавон сохтмони нотамомро ба феҳристи иншооти ғайриқобили хусусигардонӣ шомил кард.



Коршинос мегӯяд, дар таҷрибаи ҷаҳонӣ чунин ҳодисаро дар хотир надорад. Ӯ изҳор дошт, ҳангоме иншоот ҳанӯз бунёд наёфтаву мушаххас нест аз ҳисоби кадом воситаҳо сохта мешавад, қабули қонун ва изҳори ғайриқобили хусусигардонӣ будани он мантиқан дуруст нест. «Тоҷикистон метавонад дар ин хусус танҳо дар сурати аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ бунёд ёфтани иншоот ҳарф занад, ки ман ба ин алҳол шубҳа дорам», – гуфт ӯ.



Г.Кошлаков хотиррасон кард, ки ҳукумати ҷумҳурӣ чандин маротиба изҳор дошт, сохтмони нерӯгоҳ тавассути таъсиси Консорсиюми байнулмилалӣ идома дода мешавад ва дар он метавонанд кишварҳо ва созмонҳои хориҷӣ, аз ҷумла бахши соҳибкории хусусӣ низ ширкат варзад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Эълони тендер барои сохтмони садди муҳофизатии соҳили дарёи Ғунд дар Хоруғ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар доираи лоиҳаи BRUD «Баланд бардоштани устуворгардонӣ тавассути рушди ҳамгироии шаҳрӣ» дар...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Игор Ангеловски сармураббии нави тими миллии футболи Тоҷикистон таъйин шуд

Ин мутахассис қаблан дар тимҳои Мақдуния, Крувосӣ, Қазоқистон ва Қибрис фаъолият доштааст.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил

Табрикот ба муносибати 30-солагии таъсисёбии мо идома дорад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Меҳрубон Назарову Гурминҷ Завқибеков ва Марям Исоева то даргузашти Бозор Собир ва Рӯзи меҳнаткашон

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.