Ҷашни Наврӯз дар Душанбе бо намоишномаи театрикунонидашуда дар варзишгоҳи марказӣ оғоз мегардад

            Душанбе. 1-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзҳои 21-22-уми март дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузории чорабиниҳои асосии идона бахшида ба Иди Наврӯз ба нақша гирифта шудааст.             Тавре сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, рӯзи 21-уми март дар варзишгоҳи марказӣ намоишномаи театрикунонидашуда таҳти унвони «Наврӯз-2009» баргузор гашта, рӯзи дигар мусобиқоти […]



           

Душанбе. 1-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзҳои 21-22-уми март дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузории чорабиниҳои асосии идона бахшида ба Иди Наврӯз ба нақша гирифта шудааст.





           

Тавре сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, рӯзи 21-уми март дар варзишгоҳи марказӣ намоишномаи театрикунонидашуда таҳти унвони «Наврӯз-2009» баргузор гашта, рӯзи дигар мусобиқоти гӯштини миллӣ доир мегардад.




           

Ғайр аз ин, ба муносибати ҷашни Наврӯз дар боғҳои истироҳату фароғати ба номи С.Айнӣ, «Дӯстии халқҳо», майдони «800-солагии Маскав» ва «Кӯли ҷавонон» чорабиниҳои идона доир гардида, дар наздикии маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» намоишгоҳи маҳсулоти ҳунармандии мардум созмон дода мешавад.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.