Имрӯз Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад

            Душанбе. 11-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз ба ифтихори ҷашни Рӯзи матбуоти тоҷик ҳудуди 100 нафар рӯзноманигорони беҳтарини тоҷик бо унвону ҷоизаҳо сарфароз гардонида мешаванд.             Тавре роҳбари дастгоҳи марказии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Абдуғаффор Абдуҷабборов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, нимаи дуввуми имрӯз дар бинои Филармонияи давлатӣ ба ин муносибат чорабинии ҷашнӣ баргузор мешавад. […]



           

Душанбе. 11-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз ба ифтихори ҷашни Рӯзи матбуоти тоҷик ҳудуди 100 нафар рӯзноманигорони беҳтарини тоҷик бо унвону ҷоизаҳо сарфароз гардонида мешаванд.





           

Тавре роҳбари дастгоҳи марказии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Абдуғаффор Абдуҷабборов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, нимаи дуввуми имрӯз дар бинои Филармонияи давлатӣ ба ин муносибат чорабинии ҷашнӣ баргузор мешавад.




           

Ба гуфтаи ӯ, 23 нафар рӯзноманигор соҳиби нишони сарисинагии «Аълочии фарҳанг», 55 нафар бо унвони «Аълочии матбуот» ва боз 10 нафар намояндагони ВАО барои саҳми арзанда дар рушди васоити ахбори умум бо ифтихорномаҳо қадронӣ мегарданд.




           

Ғайр аз ин, ба қавли котиби масъули Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Пӯлод Нуров, имрӯз ҳамчунин 5 нафар ғолибони ҷоизаи ИЖТ ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва ҷоизаи В.Асрорӣ миёни донишҷӯён эълон карда мешаванд. Соли равон донишҷӯи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ёқуб Ҳалимов сазовори ҷоизаи В.Асрорӣ дониста шуд.




           

Бо анҷоми қисмати тантанавии чорабинӣ бо иштироки устодони санъати ҷумҳурӣ консерт доир мегардад. Дар толори бинои Филармонияи давлатӣ намоишгоҳ-фурӯши маҳсулоти чопӣ – китобу рӯзнома ва маҷаллаҳо низ барпо мешавад.




           

Мувофиқи маълумоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, феълан дар Тоҷикистон 170 номгӯи рӯзнома, 74 маҷалла ва 6 оҷонсии иттилоотӣ ба қайд гирифта шудааст.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.