Ҳамоиши VI-уми байнипарлумонии «Тоҷикистону Русия: имконоти ҳамкории байниминтақавӣ» соли ҷорӣ дар Маскаву Санкт-Петербург доир мегардад

Date:



 

Душанбе. 16-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта


Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳайати Комиссияи доимии байнипалатавӣ оид ба ҳамкории

 

Шӯрои

 

Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия бо Маҷлиси миллиро таҳти сарварии муовини раиси Комиссияи Шӯрои

 

Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия оид ба регламент ва ташкили

 

фаъолияти парламентӣ, аъзои

 

Кумитаи Шӯрои Федератсия роҷеъ ба корҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Олег Пантелеев ба ҳузур пазируфт.




Тавре ёвари раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷараёни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев ташрифи парламентарҳоро оид ба баргузории ҷаласаи дуюми Комиссия, ки дар партави охирин

 

сафари Президенти мамлакат ба Федератсияи Россия ва нақшаи ҳамкориҳои парламентҳо анҷом мегирад, нек арзёбӣ намуда, таъкид сохт, ки потенсиали Комиссия дар матраҳсозии паҳлӯҳои амиқи рушди муносибатҳои байнипарламентӣ, ки тавассути фароҳам овардани фазои мусоиди ҳуқуқӣ ба инкишофи робитаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишварҳо нақши муассир гузошта тавонад, равона карда шавад.



Дар ин зимн бо ироаи пешниҳодҳои мушаххас оид ба омодагиҳо ба Форуми чоруми байнипарламентии «Тоҷикистон-Русия: нерӯи ҳамкориҳои байниминтақавӣ», ки нимаи дуюми соли 2009 дар шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербурги Федератсияи Русияя баргузор хоҳад гашт, ба фаъолияти Комиссия дар иҷрои вазифаҳои таъинотӣ муваффақият орзу намуд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...