М.Убайдуллоев: Бӯҳрони молӣ падидаи муваққатӣ аст ва ояндаи наздик рушди бомароми иқтисоди ҷумҳурӣ таъмин хоҳад гашт

            Душанбе. 16-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар мулоқот бо соҳибкорони пойтахт изҳор дошт, ки соҳибкорон бояд баҳри дифоъ аз ҳуқуқҳои худ ҷасурона амал намоянд ва агар фаъолияти онҳо тибқи қонун роҳандозӣ гардида бошад, ӯ ҳамеша ба дастгирӣ омода аст.             М.Убайдуллоев гуфт, ояндаи наздик фаъолияти […]



           

Душанбе. 16-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар мулоқот бо соҳибкорони пойтахт изҳор дошт, ки соҳибкорон бояд баҳри дифоъ аз ҳуқуқҳои худ ҷасурона амал намоянд ва агар фаъолияти онҳо тибқи қонун роҳандозӣ гардида бошад, ӯ ҳамеша ба дастгирӣ омода аст.





           

М.Убайдуллоев гуфт, ояндаи наздик фаъолияти «Маркази ҷавонни пойтахт» ба ҳалли мушкилоти соҳибкорону тоҷирон нигаргнида шуда, он «Маркази тиҷоратии пойтахт» ном хоҳад гирифт, то ки соҳибкорон имкон пайдо намоянд дар он ҷо мушкилоти худро сарҷамъона ҳал созанд. Раиси пойтахт таъкид сохт, ки феълан мебояд истеҳсолкунандагони ватаниро дастгирӣ намуд, зеро таносуби содироту воридоти ҷумҳурӣ соли гузашта 4,5 ба 95,5 дарсадро ташкил дода, маблағи содирот ба 18,2 млн. ва воридот беш аз 300 млн. доллари ИМА баробар шудааст.




           

Раиси шаҳри Душанбе аз соҳибкорон даъват ба амал овард, ки ба сохтмони муассисаҳои истеҳсолии нав сармоягузорӣ намоянд, зеро айни замон масъалаи таъмини шаҳрвандон бо ҷойи корӣ мушкил аст ва тибқи маълумоти оморӣ, 40 дарсади захираҳои меҳнатии шаҳр аз фаъолият барканоранд.




           

Дар мавриди бӯҳрони молӣ М.Убайдуллоев зикр кард, ки «мо, ки низоми тоталитарии шӯравӣ ва ҷанги шаҳрвандиро паси сар намудем, бӯҳрони молиро низ таҳаммул хоҳем кард». «Бӯҳрони молӣ падидаи муваққатӣ аст ва ман мутмаинам, ки ояндаи наздик рушди бомароми иқтисоди ҷумҳурӣ таъмин хоҳад гашт», – афзуд раиси пойтахт.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.