Ҳукумати Ҷопон барои тозакунии майдонҳои мингузоштаи ноҳияи Рӯшон 340 ҳазор $ маблағ ҷудо кард

Душанбе. 16-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳукумати Ҷопон барои тозакунии майдонҳои мингузоштаи ноҳияи Рӯшони ВМКБ 340 ҳазор $ маблағ ҷудо кард. Тавре аз сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, рӯзи 13-уми март дар ин хусус бо Фонди аз мина безараргардонии Швейтсария ( FSD ) қарордод-бурс ба имзо расид. Ба иттилои манбаъ, татбиқи […]


Душанбе. 16-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳукумати Ҷопон барои тозакунии майдонҳои мингузоштаи ноҳияи Рӯшони ВМКБ 340 ҳазор $ маблағ ҷудо кард.




Тавре аз сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, рӯзи 13-уми март дар ин хусус бо Фонди аз мина безараргардонии Швейтсария (


FSD


) қарордод-бурс ба имзо расид.



Ба иттилои манбаъ, татбиқи лоиҳа аз баҳор дар деҳаи Вазнавди ноҳияи Рӯшон оғоз гардида, тӯли 9 моҳ идома хоҳад ёфт. «Дар чаҳорчӯбаи татбиқи лоиҳа ҳамчунин маъракаи баланд бардоштани сатҳи огаҳии аҳолӣ аз хатари мина низ доир карда мешавад», – хабар доданд аз сафорат.



Зикр гардид, ки дар маҷмӯъ безараргардонии ҳудуди 718 ҳазор майдони мингузошта дар наздикии деҳаи Вазнавд, ки бещ аз 500 нафар аҳолӣ дорад, ба нақша гирифта шудааст.



Лозим ба тазаккур аст, ки то имрӯз дар Тоҷикистон аз мина ва дигар аслиҳаи тарканда масоҳати беш аз 1,5 млн. метри мураббаъ безарар гардонида шуда, тозакунии боз майдони 20 млн. метри мураббаъ пешбинӣ гардидааст.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.