Дар шаҳри Душанбе комиссия оид ба дифоъ аз ҳуқуқи кӯдак таъсис ёфт

Date:



           

Душанбе. 17-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарореро ба имзо расонид, ки тибқи он, дар пойтахт ба ивази комиссияи мавҷуда оид ба кор бо ноболиғон комиссия оид ба дифоъ аз ҳуқуқи кӯдакон таъсис дода мешавад.





           

Тавре сухангӯи раиси пойтахт Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, комиссияи мазкур дар асоси қарори ҳукумати ҶТ «Дар бораи таъмини ҳуқуқи кӯдак» ташкил мегардад. «Раиси шаҳр инчунин ба раисони ноҳияҳо супориш дод, ки дар маҳалҳои низ чунин комиссияҳо таъсис дода шаванд», – гуфт ӯ.




           

Комиссияи пойтахт оид ба дифоъ аз ҳуқуқи кӯдакро яке аз муовинони раиси шаҳр роҳбарӣ карда, намояндагони раёсатҳои маориф, умури дохилӣ, кор бо занон ва оила шомили он мебошанд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...