Душанбе. 17-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Маскав машварати коршиносони кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ оид ба масоили таъсиси нерӯҳои муттаҳиди зудамали созмон доир мегардад.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти созмон, бо мақсади таъсиси нерӯҳои муттаҳидаи зудамал гурӯҳи корӣ лоиҳаҳои асноди меъёриву ҳуқуқии фаъолияти ин воҳиди низомиро таҳия сохтааст. Муовини дабири кулли созмон Валерий Семериков изҳор доштааст, ки коршиносонро зарур аст, асноди таҳиягардидаро омӯхта, мувофиқа созанд ва ҳамчунин пешниҳоду тавсияҳои воридгашта аз ҷониби кишварҳоро низ ба эътибор гиранд.
Ба қавли В.Семериков, дар машваратҳо намояндагони шӯроҳои амният, вазоратҳои умури хориҷӣ, мудофиа, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси созмон ширкат меварзанд. «Аз рӯи натиҷаҳои машаварат аснод ҷиҳати мувофиқасозӣ ба кишварҳои узви СААД ирсол хоҳад гардид», – гуфтааст ӯ.


