Бонки Рушди Осиё ҷиҳати дастгирии буҷаи Тоҷикистон 40 млн. $ маблағ ҷудо мекунад

Date:


Душанбе. 20-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Бонки рушди Осиё ҷиҳати дастгирии бахши иҷтимоии буҷаи Тоҷикистон 40 млн. $ маблағ ҷудо мекунад.




Чӣ тавре ки аз котиботи Вазорати молияи ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар гуфтушуниди вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов бо ҳайати гурӯҳи Бонки рушди Осиё таҳти сарварии сариқтисодчӣ Сонна Шрест оид ба ин масъала тавофуқ ҳосил гардида, имзои созишнома ояндаи наздик ба нақша гирифта шуд.



Ба иттилои манбаъ, дар робита ба бӯҳрони молии ҷаҳонӣ ҷонибҳо инчунин атрофи масоили вазъи мавҷудаи иқтисоду молия дар ҷумҳурӣ ва пеш гирифтани чораҳо барои раҳоӣ аз оқибатҳои ногувори бӯҳрон табодули афкор карданд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...