Намояндаи парлумон: Мансабдорони тоҷик бояд назди мардум дар бораи даромадҳои худ ҳисобот диҳанд

Душанбе. 20-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Намояндаи мардумӣ, аъзои кумита оид ба корҳои байнулмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфҷон Аҳмедов бар ин назар аст, ки мансабдорони тоҷик бояд назди мардум дар бораи даромадҳои худ ҳисобот диҳанд. Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» номбурда изҳор дошт, ки чанд рӯзе қабл […]


Душанбе. 20-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Намояндаи мардумӣ, аъзои кумита оид ба корҳои байнулмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфҷон Аҳмедов бар ин назар аст, ки мансабдорони тоҷик бояд назди мардум дар бораи даромадҳои худ ҳисобот диҳанд.




Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» номбурда изҳор дошт, ки чанд рӯзе қабл дар парлумон бо иштироки директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон Шерхон Салимзода ҷаласа доир гардида, дар он ӯ пешниҳод кардааст, ки бояд мансабдорон дар бораи даромадҳои худ эъломия пешниҳод созанд ва аксари намояндагони парлумон ин пешниҳодро пазируфтаанд. «Айни замон ҳамаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ тибқи қонунгузорӣ, бояд эъломия дар бораи даромадҳои худро таҳия намуда, моҳи апрел ба Кумитаи андоз пешниҳод созанд, вале касе ба он таваҷҷӯҳи зарурӣ зоҳир намесозад ва амали қонун танҳо дар коғаз боқӣ мемонад», – изҳор дошт вай.



Ба қавли Ю.Аҳмедов, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро зарур аст, назорати пешниҳоди эъломияҳо дар бораи даромади шаҳрвандонро ба зиммаи худ гирад ва гузашта аз ин, маълумот оид ба даромади мансабдорон бояд барои ҷомеа дастрас бошад. «Ба ин нукта сарвари давлат борҳо ишора намуд, вале то ҳанӯз он роҳи ҳалли худро пайдо накардааст», – афзуд Ю.Аҳмедов.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.