Бонки Рушди Осиё ҷиҳати дастгирии буҷаи Тоҷикистон 40 млн. $ маблағ ҷудо мекунад

Душанбе. 20-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Бонки рушди Осиё ҷиҳати дастгирии бахши иҷтимоии буҷаи Тоҷикистон 40 млн. $ маблағ ҷудо мекунад. Чӣ тавре ки аз котиботи Вазорати молияи ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар гуфтушуниди вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов бо ҳайати гурӯҳи Бонки рушди Осиё таҳти сарварии сариқтисодчӣ Сонна Шрест оид ба ин […]

Пайрав Чоршанбиев


Душанбе. 20-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Бонки рушди Осиё ҷиҳати дастгирии бахши иҷтимоии буҷаи Тоҷикистон 40 млн. $ маблағ ҷудо мекунад.




Чӣ тавре ки аз котиботи Вазорати молияи ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар гуфтушуниди вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов бо ҳайати гурӯҳи Бонки рушди Осиё таҳти сарварии сариқтисодчӣ Сонна Шрест оид ба ин масъала тавофуқ ҳосил гардида, имзои созишнома ояндаи наздик ба нақша гирифта шуд.



Ба иттилои манбаъ, дар робита ба бӯҳрони молии ҷаҳонӣ ҷонибҳо инчунин атрофи масоили вазъи мавҷудаи иқтисоду молия дар ҷумҳурӣ ва пеш гирифтани чораҳо барои раҳоӣ аз оқибатҳои ногувори бӯҳрон табодули афкор карданд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.