Бонки Рушди Осиё барномаи зиддибӯҳронии ҳукумати Тоҷикистонро маъқул мешуморад

Душанбе. 20-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Бонки рушди Осиё Шиаою Жаоро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ин бонки бонуфузи минтақавӣ баррасӣ шуд. Эмомалӣ Раҳмон ва Шиаою Жао аз ҳамкории дуҷонибаи даҳсола изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид доштанд, ки дар ин мӯҳлат […]


Душанбе. 20-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Бонки рушди Осиё Шиаою Жаоро ба ҳузур пазируфт.




Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ин бонки бонуфузи минтақавӣ баррасӣ шуд.



Эмомалӣ Раҳмон ва Шиаою Жао аз ҳамкории дуҷонибаи даҳсола изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид доштанд, ки дар ин мӯҳлат Бонки Осиёии Рушд

 

ба Тоҷикистон беш аз 500 миллион доллари амрикоӣ ҷудо намудааст. Беш аз 130 миллиони онро кӯмаки техникӣ ва грант ташкил додааст. Ҳамчунин барои солҳои 2009 ва 2010 пешниҳод гаштани 102 миллион доллари амрикоӣ бо қаноатмандӣ зикр гардид. Таъкид шуд, ки қисмати зиёди ин кӯмак давоми ҳамин сол ҷудо гашта, 40 миллионаш танҳо ба дастгирии буҷети давлатӣ барои кам кардани

 

таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ равона мегардад.



Шиаою Жао ба роҳбарияти сохторҳои иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ва барномаи зиддибӯҳронии дар кишвар таҳиягашта баҳои баланд дода, таъкид намуд, ки айни ҳол Бонки Осиёии Рушд дар якҷоягӣ бо кишварҳою созмонҳои дигари мададрасон дар таҳияи Стратегияи нави кӯмак ба Тоҷикистон фаъолона иштирок дорад «ва дар чаҳорчӯби он кӯмакҳои нави молиявӣ, машваратӣ ва ғайра расонда мешаванд», изҳор намуд ӯ.



Шиаою Жао ҳамчунин изҳор намуд, ки Бонки Осиёии Рушд минбаъд низ дар дастгирии буҷети давлатии Тоҷикистон ва маблағгузории сохтмони роҳҳо, нерӯгоҳҳои хурди барқӣ ва хатҳои минтақавии интиқоли нерӯи барқ, аз ҷумла ба сӯйи Афғонистон иштироки фаъол хоҳад дошт.



Ба сатҳи ҳамкориҳои Тоҷикистону Бонки Осиёии Рушд дар чаҳорчӯби Барномаи Ҳамкории минтақавии иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ, ки рушди инфрасохтори нақлиётӣ, энергетикӣ, тиҷоратӣ ва нерӯи инсонӣ аз афзалиятҳои асосии он аст, баҳои баланд дода шуд.



Дар мулоқот ҳамчунин дар бораи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, ҳаллу фасли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ табодули назар карда шуд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.