Вазорати фарҳанг аз коргардон Б.Абдураззоқов дархост кардааст, ки баъзе лаҳзаҳои саҳнаи пйесаи «Ҷунун. Соли 93»-ро таҳрир намояд

Date:



           

Душанбе. 25-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Муовини вазири фарҳанги ҶТ Миралӣ Достиев дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки аз ҷониби вазорат намоиши песаи коргардон Барзу Абдураззоқов «Ҷунун. Соли 93» манъ карда нашудааст.





           

М.Достиев мегӯяд, намоиши пйеса муваққатан манъ карда шудааст, «то ки коргардон баъзе аз лаҳзаҳои намоишро таҳрир бисозад» ва сипас намоиши он идома хоҳад ёфт.




           

Дар ҳамин ҳол, рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаригашта коргардон Б.Абдураззоқов дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, ки бинобар «моҳияти инқилобӣ» доштани пйеса намоиши он манъ карда шудааст. Ёдовар мешавем, нахустнамоиши пйеса 17-уми март доир гардида, дар он намояндагони доираҳои фарҳангии кишвар, мақомоти раҳбарии Вазорати фарҳанг ва намояндагиҳои дипломатии як қатор давлатҳо дар Тоҷикистон ширкат варзиданд.




           

Зимни шарҳи қазияи мазкур, профессор Иброҳим Усмонов, ки аъзои Шӯрои адабии Вазорати фарҳанг асту таҳти роҳбарии ӯ намоиши пйеса маъқул дониста шудааст, гуфт, «мавзӯи пйеса умумиинсонӣ аст ва ҷузъиёти онро метавон дар саросари дунё мушоҳида намуд». «Намоишномаи мазкур асари саҳнавӣ аст ва ҳеҷ ангезаи сиёсӣ надорад», – гуфт И.Усмонов.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related